35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон биноҳои нави иловагии таълимӣ бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 бинои нави иловагии таълимӣ сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.
Дар деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо саҳми сокинон сохтмони бинои иловагии таълимии замонавии дуошёна барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар он 16 синфхона ва 2 утоқи корӣ ҷойгир карда мешавад. Бино баъди мавриди истифода қарор гирифтан ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва кам намудани норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон мусоидат мекунад.
Иброз гардид, ки ин иқдом намунаи равшани дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст буда, барои рушди инфрасохтори таълимӣ дар минтақа аҳамияти муҳим дорад. Фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ин раванд нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон дар деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 оғоз шуд.




Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 22 синфхона, 3 утоқи корӣ ва 5 озмоишгоҳ (лаборатория) ҷойгир хоҳад шуд. Иншооти мазкур барои фарогирии 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин сохтмони боз ду муассисаи таълимӣ низ оғоз гардидааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Чашмасор-1 сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 240 ҷойи нишаст ва дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои 240 ҷойи нишаст идома дорад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон дар ноҳияи Ёвон нақши муҳим хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки 25 май дар деҳаи Анористони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳия Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид.
Маркази саломатӣ бо саҳми сокинони маҳаллӣ ва дастгирии фаъолони деҳа ба маблағи 477 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои хизматрасонии тиббӣ ба 3600 нафар аҳолии деҳаи Анористон ва маҳаллаҳои атроф пешбинӣ шудааст.
Марказ аз 7 утоқи корӣ ва як таҳхона иборат буда, барои қабули беморон ва расонидани хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи тиббӣ 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Аз ҷумла, дар марказ як табиб, як бародари тиббӣ, ду ҳамшираи шафқат ва як корманди техникӣ фаъолият хоҳанд намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон












Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






