35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) таҷдиду навсозӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Дар доираи ин иқдоми муҳим бо ҷалби имконияти маҳаллӣ ва саҳми арзандаи соҳибкорону сокинони ватандӯст давоми семоҳаи соли 2026 15,0 километр роҳ, аз ҷумла 3 километр таъмири асосӣ, 6 километр таъмири ҷорӣ ва 6 километр роҳҳо сангфарш карда шуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё роҳи кӯчаи Нурматов ва роҳи байни биноҳои истиқоматии 4-5-ошёнагӣ мумфарш карда шуд.
Иброз гардид, ки масофаи умумии роҳҳои шаҳр 69 километрро ташкил медиҳад, ки ба он роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низ дохил мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






