35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти муҳими соҳаи маориф — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Хоҷабдолон ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Навдеҳи Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ оғоз бахшида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо назардошти талаботи муосир бунёд шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад. Ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи иттилои масъулон, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо шароити муосири таълиму тарбия бунёд шуда, дорои утоқҳои барҳаво, синфхонаҳои таълимӣ, толори бозӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.
Зимни оғози сохтмон Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода иброз намуд, ки бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди соҳаи маориф ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил мусоидат менамояд.
Ба масъулон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлат ва истифодаи масолеҳи сохтмонии босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, бахусус таҳсилоти томактабӣ ва миёна барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мамлакат заминаи устувор фароҳам овардааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






