35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 6 июн то 23 августи соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, рӯзҳои фарҳангӣ моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ ва дигар боғҳои фарҳангии пойтахт баргузор гарданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардид.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз зиёда аз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошанд. Боварӣ дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад».
«Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад»,- чунин даъват намуданд Сарвари давлат.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»






