35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд

Май 22, 2026 08:43

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор  истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ 232 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 216 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 93 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои мутахассиси бахши меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фазлиддин Саидов,  бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ илова ба нақшаи пешбинишуда,  бунёди боз 8 иншооти дигар ба роҳ монда шудааст. Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони рушд (бонки исломии рушд), бунёди миллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва саҳми аҳолӣ назаррас арзёбӣ гардида, то ба имрӯз 3 муассисаи таълимии нави рақамӣ, 79 синфхонаи иловагӣ барои 1896 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимӣ мавриди  истифода қарор дода шудааст.

Айни замон дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ онҳо пурра ба истифода дода мешаванд.

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонӣ,  сокинони ноҳия дар ободу хуррам гардонидани маҳалли зисти хеш саҳми арзишманд мегузоранд. Дар доираи ин ободкориҳо 30 км роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш (асфалтпӯш) гардида, инчунин 9,2 км роҳҳо чароғон карда шудаанд. Бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва рафти дигар ободкориҳо дар деҳаҳои дурдаст далолат аз он менамояд, ки сокинони заҳматқарини ноҳия талош доранд, ҷашни пурифтихори миллӣ- Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас  истиқбол намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 22, 2026 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд