5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст

Май 4, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар вилояти Хатлон, минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамзамон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ боқӣ мемонад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.

Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд. Сокинон бояд вазъи боду ҳаворо ба назар гирифта, амал намоянд.

Инчунин ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.

Барои пешгирӣ аз ворид шудани оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳо бояд сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу рег тоза карда шаванд.

Май 4, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид