Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд

Май 5, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида бо ҷалби масъулон ва қувваҳои дахлдор идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Зимни сафар ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазъи баамаломада дар як қатор деҳот шинос шуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки ҷиҳати тоза намудани манзилҳои истиқоматӣ, барқарорсозии иншооти зарардида ва таъмини аҳолии осебдида бо маводи зарурӣ тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои барқарорсозӣ бо истифодаи самараноки техника, ҷалби қувваҳои иловагӣ ва дар муҳлатҳои кутоҳ анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин ба масъалаи арзёбии ҳаҷми зарар ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки бартарафсозии пурраи оқибатҳои офати табиӣ ва барқарор намудани инфрасохтори осебдида зери назорати доимӣ қарор дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Май 5, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид