6 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 6, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон 6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар гардидааст. Бахшида ба ин сана  дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо»  конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир боиси он гардид, ки  заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, кадрӣ ва техникии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, барои пешбурди босамари фаъолият шароити созгор фароҳам оварда шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти босуръати илму техника, ташаббусҳои нав дар рушди давлатдорӣ, аз ҷумла татбиқи низоми Ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти кулли соҳаҳои муҳими давлатӣ ибрози назар намуданд.

Изҳор шуд, ки ҷаҳони муосир ба танзим даровардани равандҳои иттилоотиро тақозо намуда, дар пасманзари ин равандҳо давлатҳои ҷаҳон ҳифзи манфиатҳои миллиро қадами калидӣ арзёбӣ менамоянд. Хатарҳои ифшои маълумот тавассути каналҳои техникии ихроҷи иттилоот ва дигар воситаҳо мушкилоти мубрами рӯз гардида, талаб менамоянд, ки масъалаҳои ҳифзи техникии иттилооти дастрасиашон маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гарданд.

Дар замони имрӯза, ки авзои иқтисодию иҷтимоӣ ва робитаҳои байни мамлакатҳои олам тундтару сардтар гардидааст, зуҳуроти манфии замон, ба мисли терроризм, экстремизм ва амалҳои ба ин монанд ба вуҷуд омада истодаанд. Дар ин радиф ҳимояи сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии давлатҳо, аз ҷумла пос доштани сулҳу суботи Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар сокини мамлакат мебошад.

Таҳкими сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони ин ниҳод ба ҳисоб меравад, ки дар ҳифзи давлат  аз ҳар гуна хатарҳо  нақши асосӣ мебозад.

Тавре шоҳид ҳастем, имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона ва халалдор намудани оромии мамлакат аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Яке аз самтҳо ба даст овардани маълумот ба воситаи расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Вазифаи асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ нисбат ба воситаҳои ахбори омма- андешидани тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие мебошад, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ, рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон, муҳофизати якпорчагии ин сарзамини бостонӣ вазифаи аслии мақомоти марбутае мебошад, ки кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ пешоҳанги он мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 23 ноябри соли 2022  дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он 6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» эълон  карда шуд.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд