Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид

Май 14, 2026 14:33

ДУШАНБЕ, 14.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Санади мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 11 то 14 майи соли равон идома ёфт, ба имзо расид.

​ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, як гурӯҳ намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқот намуда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима карданд.

Аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Имзои санадҳои муҳим — Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ ва аз тарафи Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонидани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

​АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2026 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд