Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 4 моҳи соли 2026 раванди мусбати боркашонии автомобилӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мушоҳида гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ҳаҷми умумии ҳамлу нақл 5,8 фоиз ва шумораи воситаҳои нақлиёт 17,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Чунин гуфта шуд дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Қазоқистон Нурлан Саунранбоев, ки дар шаҳри Остона дар доираи ҷаласаи XVIII Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлатро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуданд.
Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон иброз намуд, Тоҷикистон ба рушди ҳамкории нақлиётӣ бо Қазоқистон ҳамчун яке аз шарикони калидӣ дар минтақа аҳамияти муҳим медиҳад.
Гуфта шуд, ки афзоиши ҳамлу нақл бо роҳи оҳан ва транзит тавассути қаламрави Қазоқистон афзоиш ёфтааст. Соли 2025 ҳаҷми умумии ҳамлу нақл бо роҳи оҳан зиёда аз 5,6 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 беш аз 621 ҳазор тонна зиёд аст.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории муштарак оид ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, сода кардани расмиёти транзитӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани қобилияти инфрасохтори дахлдор байни кишварҳо муҳим мебошад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






