Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид

Май 19, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) имрӯз дар IT PARK-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳафтаи илм дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040) доир шуда, зимни он намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникию технологии муассисаҳои инноватсионию технологӣ, илмиву таълимӣ, ширкатҳои бахши IT -и ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Баргузории намоишгоҳ омили муҳими зиёд шудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон дар доираи ҳафтаи мазкур IT-машварат доир шуд, ки ҳадаф аз он фароҳам овардани майдони муосир барои муколама байни сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши телекоммуникатсия ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 250 иштирокчӣ аз бахшҳои гуногун ҳузур доштанд.

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Иброз гардид, ки ҷавонону наврасоне, ки ба техникаву технологияи муосир ва ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, метавонанд дар чорабиниҳои ҳафта иштирок кунанд.

Давоми ҳафта доир ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Дар доираи ҳафта баргузории якчанд чорабинӣ дар назар аст. Аз ҷумла, Форуми наврасони асри технология дар бинои IT-Park Душанбе, Озмуни шаҳрии «Илм ва амал» байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, Озмуни «Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ» ва экскурсия ба муассисаҳои IT-и ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» то 22 май идома ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид