Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд

Май 14, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 май дар шаҳри Прага ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, пешгирии таъсири омилҳои манфии монетарӣ ба сатҳи таваррум, истифодаи моделҳои эконометрикӣ барои таҳлил ва пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон ба рушди бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз воситаҳои асосии таъсирбахш намудани механизми фоизии трансмиссионии сиёсати монетарӣ ба ҳисоб меравад, диққати аввалиндараҷа дода шуд.

Намояндагони Тоҷикистон иброз доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва такмили иқтидори таҳлилӣ-таҳқиқотӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои ташхис ва рушди бозори пул тадбирҳои амалӣ андешидааст.

Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» масъалаҳои ташаккули фоизи ченакӣ дар бозори байнибонкӣ, омилҳои муайянкунандаи арзиши пул дар бозори байнибонкӣ, усулу воситаҳои пешбурди танзим ва идораи маблағҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, механизмҳои ҷойгиркунӣ ва дастрасӣ ба пардохтпазирӣ дар бозори байнибонкӣ мавриди корбарӣ қарор гирифтанд.

Тазаккур дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон солҳои охир дар доираи гузариш ба низоми муосири сиёсати пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум якчанд ислоҳоти муҳимро амалӣ намуд. Инчунин заминаҳои зарурии институтсионалӣ ва амалиётии пешбурди сиёсати пулию қарзӣ тақвият бахшида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз оғози соли 2026 Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди реҷаи ҳадафгирии таваррумро эълон намуда, барои такмили минбаъдаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди бозори пул, таҳкими механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ ва мутобиқ намудани низоми амалисозии он бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ислоҳоти заруриро мунтазам идома медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва татбиқи муштараки ташаббусҳо дар самти пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 14, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст