Ҳайати Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд

Май 20, 2026 21:30

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар/. 20 май Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Али Асадов бо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро, аз ҷумла масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетикa, нақлиёт, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 21 майи соли 2026 дар шаҳри Баку баргузор мегардад, зоҳир карда шуд. Дар ин замина, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории амалӣ миёни ду кишвар ва татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда таъкид гардид.

Ҷонибҳо аз рушди пайвастаи муносибатҳои дуҷониба, ки бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ бунёд ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Май 20, 2026 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд