Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи баррасии татбиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи баррасии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бо коррупсия оғоз гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Камолзода иштирок дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, ҷаласаи мазкур то 22 майи соли равон идома меёбад.
Дар чорабинӣ Фирӯз Камолзода мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷараёни татбиқи самараноки муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия, таҳкими шаффофият, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт манзур намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






