Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар медиҳад, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории молиявӣ ва сармоягузорӣ, инчунин таҳкими устувории макроиқтисодии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории молиявиро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуда, иброз дошт, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои созмон ба 9,6 миллиард доллари ИМА расида, ҳаҷми умумии сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар солҳои 2007–2026 аз 16,7 миллиард доллари ИМА зиёд гардид.
Ҷониби Тоҷикистон инчунин ҷонибдории худро аз фаъолсозии корҳо ба хотири таъсиси Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай, ташаккули маҷмуи ягонаи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, логистика, зерсохтори рақамӣ ва иқтисоди «сабз», инчунин густариши ҳамкорӣ дар самти маблағгузории устувор ва ташаббусҳои иқлимӣ иброз намуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ иштирокчиёни ҷаласаро аз вазъи кунунии макроиқтисодӣ ва тадбирҳои таъмини суботи молиявӣ дар мамлакат огоҳ намуда, иброз дошт, ки суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба 8 фоиз расида, сатҳи таваррум дар ҳудуди 3,6 фоиз нигоҳ дошта шудааст. Ҳамчунин ба масъалаҳои рақамикунонии низоми молиявӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни мақомоти молиявӣ ва бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи ҷаласа мулоқотҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои Қирғизистон, Чин ва Эрон баргузор гардиданд. Зимни онҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи молиявию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






