Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд

Май 22, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 май дар шаҳри Лондон Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми имсола таҳти унвони «Таълим барои ояндаи муштарак: сулҳ, сайёра, ҳадаф ва роҳҳо» баргузор шуда, намояндагони даҳҳо кишвари ҷаҳон, вазирони маориф, роҳбарони сохторҳои байналмилалӣ, коршиносон ва шарикони стратегии соҳаи маорифро ҷамъ овард.

Дар доираи форум масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҳкими сулҳ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути маориф, таъсири тағйирёбии иқлим, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки дар шароити афзоиши буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйироти босуръати технологӣ маориф бояд чун воситаи асосии рушди устувор, навоварӣ ва ташаккули ҷомеаи одилона хизмат намояд.

Барномаи форум аз ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои соҳавӣ, семинарҳо ва мулоқоти дуҷониба иборат буда, барои мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҳошияи форум муовини якуми Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо намояндагони ташкилот ва муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ вохӯрӣ намуд.

Аз ҷумла, бо намояндагони Шурои бритониёвӣ (British Council) вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва густариши мубодилаи академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо барои ба сатҳи нави стратегӣ баровардани ҳамкорӣ ибрози омодагӣ намуданд.

Ҳамчунин вохӯрӣ бо намояндагони Созмони байналмилалии донишгоҳҳои Британияи Кабир (Universities UK International) доир гардида, масъалаҳои байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси низоми дудиплома, мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ баррасӣ карда шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетика, иқтисоди «сабз» ва илмҳои дақиқ зоҳир гардид.

Инчунин бо намояндагони Донишгоҳи Сити Сент Ҷорҷс, Лондон (City St George’s, University of London) вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ, молия, бонкдорӣ, менеҷмент, идоракунии давлатӣ ва инноватсияро муҳокима намуданд.

Масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳамчунин дар мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Гринвич (University of Greenwich) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, экология, тағйирёбии иқлим, рушди устувор, кишоварзии муосир ва технологияҳои “сабз” таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҳамзамон вохӯрӣ бо намояндагони ширкати Эфекта (EFEKTA EDUCATION LTD) баргузор гардида, масъалаҳои татбиқи платформаҳои муосири омӯзиши забони англисӣ, рушди малакаҳои омӯзгорон ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба низоми таҳсилот муҳокима шуданд. Изҳор гардид, ки ҳамкорӣ бо ширкат метавонад барои баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар идомаи барномаи форум вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи Вестминстер (University of Westminster) баргузор шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои рӯзноманигорӣ, технологияҳои рақамӣ, соҳибкорӣ, менеҷмент ва таҳқиқоти илмиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни форум бо намояндагони Системаи донишгоҳҳои ҷаҳонӣ (Global Universities System) низ вохӯрӣ доир гардид. Ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди шабакаҳои байналмилалии академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва рушди таҳсилоти фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ бо ташкилот ва донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсили мамлакат ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии маориф ҳамасола бо иштироки намояндагони маорифи кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Он яке аз муҳимтарин платформаҳои байналмилалӣ дар самти сиёсати маориф, рушди малакаҳои асри XXI ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино