Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 масъалаҳои рушди рақамиро баррасӣ намуд

Май 26, 2026 15:02

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон Форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 — чорабинии Ассотсиатсияи ҷаҳонии операторони алоқаи мобилӣ барои минтақаи Авруосиё баргузор гардид, ки дар он ҳайати  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, форум вазирон, роҳбарони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ва технологӣ, танзимгарони соҳа, сармоягузорон ва коршиносони байналмилалиро муттаҳид намуда, ба баррасии масъалаҳои зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, шабакаҳои 5G, амнияти киберӣ ва алоқаи моҳворавӣ бахшида шуд. Ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳибкорӣ дар меҳвари мубоҳисаҳо қарор доштанд.

Иштирок дар форум барои ҳайати Тоҷикистон имконияти мубодилаи таҷриба бо ширкатҳои пешбари соҳа, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди телекоммуникатсия ва иқтисоди рақамӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони бахши рақамӣ ва телекомуникатсионии Узбекистон, аз ҷумла муовини Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон Жамол Маҳсудов ва директори Агентии танзими телекоммуникатсия Дилшод Курязов мулоқот анҷом доданд.

Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, танзими соҳа, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба дар самти табдили рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо инчунин ба таҳкими ҳамкории касбӣ байни танзимгарон ва операторони алоқаи ду ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2026 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд