Ҳайати Тоҷикистон дар саммити роҳбарони Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) дар Боку иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи ҷаласаи 13-уми Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) саммити роҳбарон баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар самти рушди устувори шаҳрҳо, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҳалли масъалаҳои марбут ба манзил таъкид намуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми видеоӣ изҳор дошт, ки имрӯз масъалаи таъмини аҳолӣ бо манзили муносиб ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъмини ҳуқуқ ба манзили шоиста ҳамчун ҷузъи муҳими зиндагии арзандаи инсон аҳамияти хос дорад.
Зимни ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва директори иҷроияи Барномаи ин созмон оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN-Habitat) Ана Клаудия Россбах баргузории форумро қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди шаҳрҳои амн, устувор ва фарогир арзёбӣ кард.
Инчунин зимни суханронии роҳбарону намояндагони давлатҳо масъалаҳои марбут ба рушди устувори шаҳрҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини манзили дастрас ва рушди инфрасохтори муосири шаҳрӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи саммит масъалаҳо оид ба рушди устувори шаҳрҳо, такмили сиёсати шаҳрсозӣ, таъмини манзили дастрас, рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






