Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

Май 19, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯйи масъалаи интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии «Оморчиён» қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Бо ҷонибдории аъзои ташкилот директори муассиса Исломбек Зоирзода раиси ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат интихоб гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими корҳои тарбиявию маърифатӣ, ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода иброз намуд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат аҳаммияти муҳим дорад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат

Май 19, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад