Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 20 сол мешавад, ки ба истеҳсоли хишти сементӣ машғул мебошад. Маҳсулоти омоданамудаи онҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ мегардонад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари ин коргоҳ Хайрулло Қодиров иттилоъ дод, коргоҳи онҳо дар як шабонарӯз вобаста ба талабот аз 500 то 700 дона хишти сементӣ истеҳсол намуда, онро бо нархи дастрас ба харидорон пешниҳод мекунад. Дар коргоҳ беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Инчунин онҳо бо истифодаи технологияҳои муосир маҳсулоти кишоварзиро бо сифати баланд коркард менамояд. Хусусан дар мавсими ҷамъоварии ҳосили гандум ва шолӣ, хоҷагидорон ва сокинон маҳсулоти кишоварзии худро дар ин ҷо коркард намуда, орд, биринҷ ва хӯроки чорво дастрас мекунанд.
Масъулини коргоҳ ният доранд, ки боз 30–40 нафар сокини маҳаллиро ба корҳои мавсимӣ ҷалб намоянд. Ҳадафи асосӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Рушди соҳаи саноат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар баробари ин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд






