Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад

Май 26, 2026 08:37

ДУШАНБЕ, 26.052026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шартномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шартнома 25 май дар доираи Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони «Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» аз ҷониби ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Каве Маданӣ ба имзо расонида шуд.

Имзои санад барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти илм, маориф, экология, идоракунии захираҳои об ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тибқи муқаррароти тафоҳумнома, ҷонибҳо метавонанд дар самтҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузор намудани конференсияву форумҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об, инчунин машғулияти такмили ихтисос ва барномаҳои инноватсионӣ ҳамкорӣ намоянд.

Зимни маросими имзои ҳуҷҷат ҷонибҳо иброз доштанд, ки густариши ҳамкории байналмилалӣ байни муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Иброз гардид, ки имзои чунин санади муҳим ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди иқтидори илмӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир дар самти омӯзиши масъалаҳои об, иқлим ва муҳити зист имконияти нав фароҳам меорад.

Тарафҳо барои татбиқи самараноки бандҳои тафоҳумнома ва густариши ҳамкории судманд дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 26, 2026 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд