Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик нишасти матбуотӣ оид ба баррасии ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ва ҳамкории минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати иродаи олию қавии сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баҳси садсолаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли пурра ва доимӣ ёфт, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва ҳолати нодир дар таҷрибаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин аҳамияти таърихии Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз 31 марти соли 2025 ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар таъкид гардид.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим ба иштирокдорон маълумот пешниҳод гардид. Илова бар ин Сафири Тоҷикистон ба якчанд саволҳои иштирокдорон, аз ҷумла оид ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи обу энергетика, лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамгироии нақлиёту логистикӣ ва ҳамкории минтақавӣ посух дод.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






