Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти инноватсия ва зеҳни сунъӣ густариш меёбад

Май 27, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, профессор Тшилидзи Марвала баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ, истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони касбии соҳаи технологияҳои рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, ташаккули инфрасохтори муосири инноватсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, дастгирии экосистемаи инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди зеҳни сунъӣ муҳокима гардиданд.

Дар доираи вохӯрӣ ба меҳмон фаъолияти яке аз стартапҳои ватанӣ дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ муаррифӣ гардида, имкониятҳои амалии татбиқи он дар соҳаи тиб намоиш дода шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди робитаҳои минбаъда дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди рақамӣ ва инноватсия иброз намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»