Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус Александр Гучок мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар соҳаи аттестатсияи давлатии илмӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ байни Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Беларус ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардид.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ байни шуроҳои диссертатсионӣ дар бахши риштаҳои нодири илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар шуроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, инчунин таъсиси шуроҳои якдафъаина оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз рӯи соҳаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуроҳои диссертатсионӣ фаъолият надоранд, равона гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва андешидани тадбирҳои амалӣ бобати фаъолгардонии ҳамкорӣ байни мақомоти аттестатсионии ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






