Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад

Май 15, 2026 13:43

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масоили такмили механизмҳои муайян намудани арзиши корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ, мутобиқсозии меъёрҳои соҳавӣ ба талаботи муосир, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ дар вохӯрии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо мутахассисони Ҷумҳурии Беларус баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонро баррасӣ намуда, ба густариши робитаҳои касбӣ ва тақвияти ҳамкории минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти нархгузорӣ, такмили санадҳои меъёрӣ, истифодаи усулҳои муосир, муайян намудани арзиши корҳои сохтмонӣ ва татбиқи таҷрибаи амалии  давлатҳои пешрафта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин масоили муайян намудани арзиши корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ, истифодаи меъёрҳои техникӣ ва иқтисодӣ, инчунин таҷрибаи Ҷумҳурии Беларус дар самти нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон баррасӣ гардид.

Мутахассисони Ҷумҳурии Беларус таҷрибаи амалиро оид ба татбиқи низомҳои муосири нархгузорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҳисобу китобҳои сохтмонӣ ва такмили механизмҳои идоракунии арзиши лоиҳаҳои сохтмонӣ муаррифӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули доимии таҷриба ва густариши ҳамкории судмандро барои рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ҳарду давлат муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон барои идомаи ҳамкории касбӣ ба тариқи онлайн ибрози омодагӣ карда шуд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2026 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад