Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанд мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии рушд хонум Лиа Гутиеррес баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ва имконияти ҷалби захираҳои молиявӣ ва техникии Бонки Осиёии рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд, идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоягузориҳо барои сохтмони иншооти муҳими стратегии мамлакатро муҳокима намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






