Ҳамкории Тоҷикистон ва Словения дар соҳаи иқтисод густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения 5 май зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аленка Сухадолник баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати диверсификатсияи номгӯйи маҳсулоти содиротӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратиро ҳамчун афзалияти ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.
Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла дорусозӣ, гидроэнергетика, технологияҳои «сабз», коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо назардошти таҷрибаи бузурги Словения дар соҳаи дорусозӣ пешниҳод гардид, ки гуфтушунид оид ба ташкили истеҳсоли муштараки доруворӣ дар Тоҷикистон оғоз карда шавад.
Дар анҷоми вохурӣ тарафҳо барои фаъолсозии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои манфиатноки мутақобил ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






