Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар мавзуи «Тағйири шакли тандурустии ҷаҳонӣ: масъулияти муштарак» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи ҷаласаи кунунии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ — «Тағйири шакли тандурустии ҷаҳонӣ: масъулияти муштарак»-ро пурра дастгирӣ мекунад.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки захираҳои об, суботи иқлим ва саломатии инсон ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд ва ҷудонашавандаи рушди устувор мебошанд. Аз ин рӯ, тағйири иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши норасоии об ба саломатии ҷамъиятӣ, амнияти озуқаворӣ ва устувории системаҳои тандурустӣ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон ва дурдаст таъсири бештар мерасонанд» -изҳор дошт вазир.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон модели нави ташкили тандурустии ҷамъиятӣ ва нигоҳубини аввалини тиббиро дар деҳот, ки ба тақвияти пешгирии бемориҳо, ошкоркунии барвақт ва наздик кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст, озмоиш мекунад. Ин модел нақши ҷамоатҳои маҳаллиро тақвият ва устувории низоми нигоҳубини аввалини тиббиро афзоиш медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар айни замон дар кишвар корҳои таҳлилӣ, аз ҷумла таҳқиқот дар бораи омилҳои хавфе, ки ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонанд, барои таъмини чораҳои пешгирикунандаи асоснок ва коҳиш додани бемориҳои пешгиришаванда аз синни хурдсолӣ идома доранд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






