«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо роҳбари ҳайати кории Хазинаи байналмилаии асъор Мэтю Гертнер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк» хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба, дурнамои бонк, натиҷаҳои молиявӣ дар соли 2025, пардохтпазирӣ, иштирок дар музоядаҳои қоғазҳои қиматноки давлатӣ, рушди бозори асъор, афзоиши пешниҳоди қарз ба мизоҷон ва меъёрҳои макропруденсиалӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки «Амонатбонк» яке аз бонкҳои низомсози мамлакат буда, дар баробари фаъолияти тиҷоратӣ ҳамчун институти молиявии давлатии мамлакат амаликунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мэтю Гертнер ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2025 ва нақшаҳои минбаъдаи «Амонатбонк» барои соли 2026 баҳои баланд дода, барои ҳамкории судманд бо «Амонатбонк» дар дилхоҳ самти фаъолият, ки ба рушди иқтисоди миллӣ равона гардидааст, изҳори омодагӣ намуд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо инобати манфиатҳои тарафайн ҳамкории молиявии дуҷонибаро рушд хоҳанд дод.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






