Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 15 то 18 октябр дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Анҷумани сеюми забоншиносон иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.
Забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.
Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксар сокинони ин мамлакат мебошад. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






