ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат

Май 6, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҷавонон – насли ояндасози кишвар  таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ин ҷост, ки дар мамлакат 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардидааст. Қариб 30 сол мешавад, ки ҷавонон расман иди худро дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мекунанд. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тантанаи воқеии арҷгузорӣ ба ин қишри ояндасоз аст. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ бо иштироки ҷавонон ҳамоишу  конфронсҳо ва барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ доир мешаванд.

– Вақте ки мо «ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» мегӯем, пеш аз ҳама, симои Пешвои миллат пеши назарамон  ҷилва мекунад, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо дилу ҷон барои рушду такомули ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҳаматарафаи ҷавонони мамлакат ҳамчун самти муассир ва муҳимтарини сиёсати давлат таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Зеро давлати мо яке аз кишварҳои аз лиҳози нуфуз ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон нақши ҷавонони бонангу номус бузург мебошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо давлати ҷавон, балки давлат барои ҷавонон аст. Ҷавонон неруи бузург ва мутаҳаррики рушди иқтисоди мамлакат мебошанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлатамон ғайриимкон аст.

Дар ин радиф таҳким бахшидан ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла дар таҳрири нав қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” бисёр муҳим ва актуалӣ дониста мешавад.

Фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат ҳамеша ба сиёсати кор бо ҷавонон пайванди назариявӣ ва амалӣ доштааст. Ин масъала заминаи амалии давлатдорӣ буда, барои ҷомеаи мо ҳамчун омили устувори таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ дар марҳилаи давлатсозӣ зарур мебошад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ҷойгоҳи умумимиллии худ имрӯз ба кафили сулҳу субот ва ҳифзу пойдории давлатдории муосири Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Бояд гӯем, ки институтсионализатсияи мақоми Пешвои миллат маҷмуи арзишҳо ва усулҳои амалии давлатдории миллатро ташкил медиҳад, ки бо ному корномаи Эмомалӣ Раҳмон бевосита рабт дорад ва он ҳамчун ҷараёни хоси илмӣ барои омӯзиш бояд мондагор шавад.

Ҳар фарзанди замони истиқлол ифтихор мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромаду суханрониҳо аз дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бономус ёдовар мешаванд.

Ин далел ибрат ва қутбнамои фаъолияти ҷавонон аст. Бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҷавононро зарур аст, ки ба эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ тақвият бахшанд.

Зимнан, вақте сухан дар бораи манфиатҳои миллӣ меравад, ҳузури бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба афкори ғаразолудаи бегона бисёр муҳим аст. Дар ин замина аз қадамҳои муҳими дигари ҷавонон дар шароити муосири геополитикӣ мубориза бо унсурҳое, чун терроризму экстремизм мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст изҳори нигаронӣ намудаанд, ки “шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам моро ҳушдор медиҳад, ки зираку ҳушёр бошем”.

Бешубҳа, Пешвои миллат ҳамчун ҳомӣ ва роҳнамои мо бар пояи шиносоӣ намудани шахсиятҳои таърихӣ ҷавононро бо саҳифаҳои пурифтихори миллати тоҷик шинос намуда, бо омӯзиши таҷрибаҳои гузашта имкон фароҳам меоранд, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир пайдо кунем.

Ҳамаи ҷавонон имрӯз ифтихор мекунанд, ки Президенти Тоҷикистон ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург доранд ва барояшон тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам месозанд, то ҳамчун насли бунёдкор зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори Пешвои ҷавонпарвари миллатро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Воқеан, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон нақши калидӣ дошта, ҳамчун сипари боэътимод моро аз ҳама офатҳои ҷаҳонӣ ҳимоя месозанд ва ба ояндаи равшану пурсаодат раҳнамоӣ мекунанд.

Дар баробари ин ҷавонони соҳибватани асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош меварзанд, ки ҳама масъулиятро дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ сарбаландона иҷро кунанд.

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти  давлату ҷомеа ва сарчашмаи ташаббусҳо ҳастанд. Онҳоро зарур аст, ки донишу заковати хешро тақвият бахшида, забон омӯхта, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати  миллиро  аз  ҳама гуна равандҳои номатлуб ҳифз кунанд ва ба  наслҳои оянда Ватани шукуфонро ба мерос гузоранд.

Дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат имрӯз вазифаи аслии ҷавонони Тоҷикистон бояд созандагию бунёдкорӣ, таҳкиму тақвияти ойини давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ бошад.

Шоҳҷаҳон АБДУРАҲМОНЗОДА,
докторанти PhD-и курси 2-и кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд