Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд

Май 22, 2026 10:59

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои Санкт–Петербург дар шаҳри Душанбе, ки бахшида ба 35–солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт–Петербург 20 май оғоз ёфта, то 23 май идома меёбанд, аъзои ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Санкт-Петербург таҳти роҳбарии узви ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳр Евгений Григориев бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимни сайри осорхонавӣ меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навиштанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 22, 2026 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад