Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд

Май 4, 2026 20:35

ДУШАНБЕ, 04.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода дар назди муҷассамаи шоир, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки роҳбарият ва аҳли илму фарҳанги ноҳия ҳамоиши илмӣ баргузор гардида, дар он доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири ширинкалом, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода сухан карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш нахуст бо нишони эҳтиром ба хидматҳои мондагори ходими давлатию ҷамъиятӣ ба пояи муҷассамаи шоир Мирзо Турсунзода гулчанбар гузошта, руҳи шоири шаҳир ва вассофи сулҳу озодиро шод намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба хизматҳои мондагори пайвандгари дӯстӣ ва тараннумгари сулҳу озодӣ- Устод Мирзо Турсунзода ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ буда, бо эҷодиёти гаронарзишаш дар рушду нумуи адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳми бузург гузоштааст. Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаю бузурге буд, ки ҳатто шоирону нависандагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёву Африқо ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд.

Дар доираи ҳамоиш инчунин барномаи рангини консертӣ, иборат аз сурудҳо бар ашъори Мирзо Турсунзода пешниҳод гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 4, 2026 20:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад