Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд

Май 1, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар шаҳри Турсунзода Конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода — шоири миллӣ ва байналмилалӣ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд, чорабинӣ ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида, дар он раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, профессор Фирӯза Турсунзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки фарзонафарзанди миллати тоҷик, шоири тавоно, ходими барҷастаи ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баробари роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ дар саросари олам, муаррифгари фарҳангу тамаддуни тоҷикон, мунодии сулҳу амонӣ ва озодию адолат буд.

«Дар партави сиёсати инсондӯстӣ ва адабпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ҷовидонаи шоири шаҳири тоҷик намунаи ибрат буда, ашъори рангини ин солори адабу фарҳанги тоҷик моро ба корнамоию фидокориҳо ва созандагию бунёдкориҳои нав ба нав ҳидоят менамояд», — изҳор намуданд иштирокдорони конференсия.

Дар доираи конференсия меҳмонону иштирокдорон бо гулгузорӣ бар пояи муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода хотираи шоири шаҳир ва ходими бузурги ҷамъиятиро гиромӣ доштанд.

Дар идома меҳмонон аз осорхонаи Мирзо Турсунзода, воқеъ дар деҳаи Қаротоғ, дидан намуда, бо ҳунари дастии ҳунармандони маҳаллӣ шинос шуданд.

Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода дар асоси матни ашъори Мирзо Турсунзода барномаи пурмуҳтавои консертӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 1, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад