Бахшида ба 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси 3-юми байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ба маблағи 30 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, дар айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо зиёда аз 2300 МВт иқтидори нави истеҳсолии неруи барқ бунёд гардида, ҳамзамон даҳҳо зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқи 500, 220, 110 ва 35 кВ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин нукта дар Конфронси 3-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳаққиқон», ки 30 апрел дар ноҳияи Кӯшониён ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид. Дар конфронс олимону коршиносон аз Тоҷикистон, Беларус, Русия, Узбекистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Конфронси 3-юми байналмилалии илмӣ-амалии «Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳаққиқон» Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа сухан намуд. Вазир саҳми муассисаро дар омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи энергетикаи мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи энергетика ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, барои таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Дар айни замон дар соҳаи энергетикаи мамлакат марҳилаи нави ислоҳоту навсозӣ идома дошта, тадбирҳои муҳим барои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рақамикунонии низоми энергетикӣ, коҳиши талафоти техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ амалӣ гардида истодаанд.
Далер Ҷумъа омода намудани кадрҳои баландихтисосро яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бозори меҳнат ба муҳандисон, энергетикон, барномасозон, таҳлилгарон ва менеҷерони соҳавии дорои донишҳои муосир, малакаҳои рақамӣ ва забондон ниёз дорад. Дар ин замина нақши Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир муҳим арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкории донишкада бо корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои рақамӣ, марказҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ, энергетикаи «сабз» ва барномасозии муҳандисӣ таъкид гардид.
Иштирокдорони конфронс инчунин намоишгоҳи дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкадаро тамошо намуда, бо шароити таҳсил шинос шуданд. Зимни шиносоӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо вазир донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ва ихтироъкорӣ ҳидоят намуда, ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки сафи донишҷӯёнро аз ҳисоби духтарон зиёд намоянд.
Бо мақсади ташаккули мактаби илмии Донишкада дар соҳаи энергетика ва сохтмони гидротехникӣ зарур шуморида шуд, ки шумораи номзадони илм, доктор PhD ва докторон зиёд карда шавад ва ба сифати корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Инчунин таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва афзоиши талабот ба неруи барқ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд хусусияти амалӣ дошта бошанд ва натиҷаҳои онҳо дар амалияи соҳа васеъ ва самаранок истифода шаванд.
Дар идомаи конфронс ба як зумра устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои пешрафт, хизмат, омодасозии кадрҳо ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи энергетика Ифтихорнома ва медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика» тақдим гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






