Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳр озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Аз рӯйи натиҷаҳои озмун китобхонаҳои фаъолу намунавӣ муайян гардида, бо Сипосномаи раиси шаҳри Бӯстон қадршиносӣ карда шуданд. Аз ҷумла, китобхонаи Гимназияи №2, китобхонаи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Китобхонаи шаҳрии Бӯстон қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳадафи асосии озмун рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб ва ғанӣ гардонидани фаъолияти китобхонаҳо арзёбӣ гардид.
Китоб ҳамчун сарчашмаи маърифат ва омили муҳими ташаккули тафаккури созанда дар тарбияи насли наврас нақши муассир дорад. Иброз гардид, ки дастгирии фаъолияти китобхонаҳо ва рушди муҳити китобдӯстӣ аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангиву маърифатии давлат ба ҳисоб меравад.
Чунин иқдом ба таҳкими фарҳанги мутолиа, боло бурдани сатҳи донишандӯзӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






