Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид

Май 15, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбасти мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳо баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, мусобиқа ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бахшида шуда, аз 20 апрел то 14 май гузаронида шуд.

Иброз  гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар рушди давлату миллат нақши калидӣ дошта, тавассути ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим метавон насли солиму ватандӯст ва соҳибмаърифатро тарбия намуд.

Имрӯз варзиш, бахусус футбол дар Тоҷикистон бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду тавсеаи бесобиқа ёфта, барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баргузории мусобиқаи футбол дар байни донишҷӯён на танҳо рақобати варзишӣ, балки саҳнаи дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими эҳтироми байниҳамдигарӣ ва рушди руҳияи дастҷамъона ба шумор меравад.

Баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими саломатии ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи футбол аҳамияти муҳим дорад.

Дар ҷараёни бозӣ иштирокчиён маҳорати хуби варзишӣ, интизоми намунавӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нишон доданд. Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа медал, Диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 15, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад