Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид

Май 30, 2026 10:12

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ, ҳифз ва сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ мебошад.

Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба рушди инсон, бахусус кӯдакон афзалият медиҳанд. Дар ин замина сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушду камолоти кӯдакон равона гардидааст.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гуфт, ки таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба зеҳн, маърифат, саломатӣ, фарҳанг ва амнияти онҳо мебошад.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар самти таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои ҳуқуқиро такмил дода, якчанд барномаҳои давлатӣ қабул намудааст.

Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини муҳити бехатари таълимӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии муҳити рақамӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

Дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ масъалаи амнияти иттилоотии кӯдакон чун яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир арзёбӣ гардида, зарурати ташаккули саводнокии рақамӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва рушди малакаҳои муосири хонандагон таъкид гардид.

Ҳамзамон ба масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тақвияти инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Гуфта шуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО дар самти рушди таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2026 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид