Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир шуд

Май 21, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Инноватсия ва рақамикунонӣ ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисоди миллӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имконият барои рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, инчунин баррасии масъалаҳои мубрами вобаста ба таъмини рушди устувори миллӣ дар шароити муосир буд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ба ин самт аҳамияти махсус дода шуда, дастовардҳои рушди инноватсионӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ пайваста таҳлил ва дастгирӣ карда мешаванд.

Дар замони муосир инноватсия ва рақамикунонӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз технологияҳои навтарин сатҳи рушди иқтисодиёт ва хизматрасониҳоро таъмин намоянд. Пешрафти иқтисодӣ ҳамеша бо рушди илм, техника ва навоварӣ робитаи зич дошта, аз замони пайдоиши аввалин компютерҳо ва технологияҳои иттилоотӣ то имрӯз ҷаҳон ба марҳилаи нави рушд — ҷомеаи рақамӣ ворид гардид.

Рақамикунонӣ имконият медиҳад, ки иқтисодиёт бо суръати баланд рушд намояд ва шаффофият бо назардошти самаранокии амалиёти молиявӣ таъмин гардад. Дар асри XXI технологияҳои рақамӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфта, хизматрасониҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ дар бисёр кишварҳо ба таври электронӣ амалӣ мегарданд.

Ҳар пешрафти технологӣ ва рақамикунонии бахшҳои иҷтимоию иқтисодиётро бе инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ  ҳамчун такягоҳи рушди инноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таҷдид ва мутобиқ кардани инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ба стандартҳои байналмилалӣ барои рушди устувор ва рақамӣ намудани иқтисодиёт аҳамияти махсус дорад.

Сатҳи хизматрасонии телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот ва такмил қарор дошта, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои фаро гирифтани тамоми минтақаҳои мамлакат бо алоқаи барқӣ тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид