Байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Май 29, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи татбиқи Барномаи «Шаҳри сабз» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ, саҳми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин амалисозии нақшаҳои нави ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки ҳамкории беш аз бистсола бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

“Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои муҳим тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Дар ин раванд ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аҳамияти хоса дорад”,-изҳор гардид дар вохӯрӣ.

Гуфта шуд, ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳим як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардида, ҳамкории мутақобилан судманд идома доранд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров татбиқи лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва таҷдиди хатҳои партоб дар назар дошта шудааст. Барои амалишавии онҳо ҷалби сармояи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор, истифодаи панелҳои офтобӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаву ташкилот, инчунин амалисозии дигар лоиҳаҳои нав дар самтҳои гуногун барои рушди минбаъдаи минтақа муҳим аст.

Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман аз сатҳи ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки бонк давоми ду даҳсола дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кардааст.

Вобаста ба татбиқи Барномаи «Шаҳри сабз», ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд роҳандозӣ мегардад, маълумоти муфассал пешниҳод гардида. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки бонк барои амалисозии лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҳавасманд буда, минбаъд низ ҳамкориро густариш хоҳад дод.

Ба Ёддошти тафоҳум Раиси вилояти Суғд ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд имзо гузоштанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси вилоят Марк Боуманро барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2026», ки моҳи июн баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 29, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд