Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин санад Маркази таҳқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ин иқдом ба густариши имконоти ҳарду ҷониб дар самти таҳқиқоти академӣ ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидааст.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ имкон фароҳам меорад, ки захираҳои таҳқиқотӣ муттаҳид ва ба таври муштарак истифода карда шаванд. Инчунин табодули таҷриба ва ҳамкорӣ байни марказҳои таҳлилии ду давлат густариш ёбад. Ин раванд ба татбиқи модернизатсия бо усули чинӣ ва пешбурди раванди саноатикунонии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2040 мусоидат хоҳад кард.
Татбиқи ин санад барои рушди иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Тоҷикистон ва Чин заминаи устувори таҳқиқотӣ ва стратегӣ мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури Сарони ду давлат имзо гардид.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






