Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ, ки бахшида ба 25-солагии пули миллӣ–сомонӣ бароварда шудааст, ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи бонуфузи байналмилалии «International Association of Currency Affairs–2026» дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ» ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ ба муносибати 25–солагии пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуд. Он марҳилаҳои муҳими таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди низоми молиявии давлатро таҷассум менамояд. Дар тарҳ ва истеҳсоли банкнотаи ҷашнӣ тарҳи бадеии нодир ва дорои ҳувияти миллӣ, унсурҳои муосири муҳофизатӣ, сифати баланди полиграфӣ, инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат муттаҳид гардидаанд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи бонуфузи байналмилалии «International Association of Currency Affairs–2026» ҳамасола ба беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи муомилоти пули нақд, технологияҳои асъорӣ ва тарҳи банкнотаҳо тақдим карда мешавад.
Дохилшавӣ ба рӯйхати ғолибони маънои онро дорад, ки ин банкнота байни садҳо банкнотаҳои ҷаҳонӣ аз беҳтаринҳо эътироф шуда, бо стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст. Он ба таҳкими нуфузи пули миллӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин тавсияи тарҳ ва технологияҳо барои истеҳсоли минбаъдаи пулҳо мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҷоизаи сатҳи байналмилалии банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ мебошад.
Ҷоизаи аввал 2 декабри соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии «High Security Printing» дар шаҳри Куала Лумпур ба Бонки миллии Тоҷикистон тақдим гардида буд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






