«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад

Май 10, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 10.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026» (28.01.2026), Вазорати фарҳанг якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд, -хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Бояд гуфт, ки адабиёт дар рушду ташаккули ҷаҳонбиниву маънавиёти ҷомеа нақши бузург дорад. Адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт буда, донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи ӯст, ба вуҷуд меояд. Пешниҳод кардани асарҳои хубу хонданӣ ба кӯдакону наврасон ба ташаккули зеҳнии онҳо пояи асосӣ мегузорад ва муҳаббаташонро ба хондани китобу илмомӯзӣ бештар мегардонад.

Асарҳои бадеӣ мактаби тарбия ва василаи муассири рушди нутқи кӯдакон мебошанд. Тавассути онҳо кӯдак забонро меомӯзад, фикр мекунад, тасвир менамояд ва ниҳоят ба ифодаи дурусти фикру эҳсосоти худ қодир мегардад. Бисёре аз асарҳои бадеӣ дорои паёмҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Арзишҳои маънавӣ- ростгӯӣ, меҳрубонӣ, адолат ва кӯмак ба дигарон дар онҳо бо забони содда ва таъсирбахш баён мегарданд.

Кӯдак на танҳо нутқ, балки мафҳумҳои боарзишро, ки бо забони таъсирбахш ифода шудаанд, меомӯзад. Масалан, мефаҳмад, ки ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва ёрӣ додан ба дигарон амалҳои неканд ва ин амалҳо дар нутқи ӯ ҳамчуни ифодаҳои ибратбахш ҷой мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ китобҳои кӯдакона бо забони ноби тоҷикӣ бениҳоят хуб ва бо ороиши ҳозиразамон, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб ба нашр мерасанд. Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо афзудааст. Дар баробари ин, тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар миллатҳо низ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, дастраси хонандагони хурдсол гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар ин соҳа камбудиву норасоиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Ҳадафи таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди адабиёти бачагона дар мамлакат мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 10, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид