«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид

Май 31, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қабули ин санад дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил карда мешавад, беҳтарин туҳфа барои хурдсолони мамлакат маҳсуб мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз қабули ин лоиҳа таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои аҳолии ҷавон ва ояндадор буда, мавқеи худро нисбат ба ҳуқуқи кӯдак муайян намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида, тибқи онҳо барои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таваҷҷуҳ ба ин масъала аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), конвесияҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат «Оид ба ҳадди ақалли синну сол барои ба кор қабул кардан» (с.1993) ва «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (2005) ва Тавсияномаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат «Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» сарчашма мегирад.

Ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита байни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Барои рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, ба таҳсилоти томактабӣ, ки дар ояндаи кӯдак нақши муҳим мебозад, таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Бо назардошти ин рушди таҳсилоти томактабӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият қарор дода шудааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 супориш доданд, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад». Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025» амалӣ гардида, лоиҳаи нави он барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад.

Ба хотири тақвият додани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар мамлакат бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 ниҳоди алоҳидаи махсус–Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки имсол ба фаъолияти он 10 сол пур мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 31, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад