БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалисозии ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз ва таҳкими мақоми забони давлатӣ, татбиқи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд.
Дар доираи ин тадбирҳо фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, шуъбаи маориф, донишгоҳу донишкадаҳо, идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидои касбӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифт. Зимни санҷиш таваҷҷуҳи махсус ба ҳолати ҳуҷҷатнигорӣ, риояи меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ, истифодаи дурусти аломатҳои китобат, сифати лавҳаву овезаҳо ва фарҳанги истифодаи забони давлатӣ дар фаъолияти рӯзмарраи муассисаҳо зоҳир карда шуд.
Натиҷаи санҷиш бозгӯйи он буд, ки дар аксар муассисаҳо ба масъалаи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва пос доштану покизагии он муносибати самимона намудаанд. Ҳуҷҷатҳои расмӣ мутобиқ ба меъёрҳои забони адабӣ таҳия гардида, истифодаи дурусти истилоҳоту ибораҳо дар сатҳи хуб ба назар расид.
Бо вуҷуди ин, дар баъзе муассисаҳо камбудию норасоиҳои ҷузъӣ дар навишти баъзе овезаҳо, истифодаи аломатҳои китобат ва тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ мушоҳида гардид. Барои бартараф намудани чунин камбудиҳо ба масъулин тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Директори «Маркази миллии тарҷума»-и Кумитаи забон ва истилоҳот Ҳамрохон Дӯстзода иброз дошт, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои муқаддаси давлатдорӣ, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва василаи асосии муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки ҳар шаҳрванд вазифадор аст нисбат ба забони давлатӣ бо эҳтироми хосса муносибат намуда, дар татбиқи меъёрҳои он саҳми арзанда гузорад.
Чунин санҷишу вохӯриҳо барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳаммияти бузург дошта, минбаъд низ идома меёбанд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






