Барои бунёди бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт санги асос гузошта шуд

Май 26, 2026 17:04

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Ал-Кувайт бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода, намояндагони расмии Давлати Кувайт ва роҳбарону аъзои ҳайати дипломатии муқими ин кишвар маросими имзои шартнома оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузоштани санги асоси ин иншоот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ ба нишони дӯстиву бародарӣ ва таҳкими робитаҳои неки ду кишвар маросими рамзии шинонидани дарахтон низ доир шуд.

Тавре Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуд, татбиқи лоиҳаи сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Давлати Кувайт дар заминаи тавофуқҳое сурат мегирад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар ҳосил шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар роҳи таҳким ва густариши беш аз пеши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Кувайт дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона аҳамияти муҳим дошта, инчунин ба таҳкими шарокати ду кишвар дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар даҳ соли ахир муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайваста рушду густариш ёфта истодаанд. Дар ин раванд сафарҳои расмию давлатии роҳбарияти олии Тоҷикистон ба Кувайт ва баргузории музокироти мунтазам дар сатҳҳои олӣ ва баланд нақши калидӣ бозида, барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳамзамон, дар се даҳаи гузашта робитаҳои фарҳангии ду кишвар, бахусус дар соҳаҳои ҳунар, мусиқӣ, адабиёт ва табодули фарҳангӣ, рушди назаррас касб намудаанд. Тавсеаи ҳамкориҳои башардӯстона байни Тоҷикистон ва Кувайт низ аз дастовардҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Муносибатҳои ду кишвар дар бахши сайёҳӣ ва гардишгарӣ низ дар ҳоли рушд қарор дошта, ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду давлат барои густариши равобити мардумӣ, рушди туризм ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидати ҷиддӣ намудааст.

Имрӯз, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои хастагинопазири роҳбарони олии ду кишвар, муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ба марҳилаи нави рушд ва ҳамкориҳои пурсамар ворид гардидаанд. Бо сармоягузориҳо ва кумакҳои моливу техникии Давлати Кувайт татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, маориф ва тандурустӣ бомуваффақият идома дорад.

Заминаи устувори шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, ки натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар мебошад, барои татбиқи ҳадафҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.

Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва Муколамаи ҳамкории Осиё, намунаи равшани шарикии созанда ва муосири байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон ва Кувайт ҳамчун шарикони боэътимоди ҷомеаи байналмилалӣ дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, амният ва рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, Давлати Кувайт аввалин шарики байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки барои пешбурди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” платформаи кувайтии онро таъсис додааст.

Аз нигоҳи таърихӣ, робитаҳои дӯстии мардумони Тоҷикистону Кувайт дорои решаҳои амиқи фарҳангиву маънавӣ мебошанд. Мардумони ду кишвар бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ ва муштаракоти фарҳангиву маънавӣ дар тӯли таърих дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз ин анъанаҳои неку созанда ҳамчун заминаи боэътимоди густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Кувайт хизмат намуда, маросими гузоштани санги асоси бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бозгӯйи ормонҳои наҷиб, манфиатҳои муштарак ва иродаи қавии мардумони ду кишвар барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддат мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Май 26, 2026 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид