Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар

Май 15, 2026 10:41

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 25-солагии МегаФон Тоҷикистон ширкат ба сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон тарофаҳои дастрасро пешниҳод намуд. Муштариёни ин минтақаҳо корбарони фаъоли интернети мобилӣ мебошанд, аз ин рӯ бастаҳои нав яке аз бузургтарин ҳаҷми трафики интернет – 100 ё 150 Гб-ро муофиқи интихоби истифодабаранда дар бар мегиранд.

Хусусияти асосии силсилаи нав – тарофаҳо танҳо дар дохили минтақаи пайвастшавӣ амал менамоянд. Дар баробари ин, таркиби бастаҳои хизматрасониҳо яке аз пешниҳодҳои нисбатан муфиди оператор ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, маблағи тарофае, ки 150 Гб интернетро дар бар мегирад, дар як моҳ 150 сомониро ташкил медиҳад. Тарофаҳое, ки дар дигар минтақаҳо амал мекунанд, дар муқоиса бо чунин нарх 2-2,5 маротиба камтар трафик доранд.

На танҳо арзиш, балки дигар параметрҳои асосӣ низ дар худи номҳои тарофаҳо инъикос ёфтаанд. Масалан, “Суғд 100” 100 Гб трафики интернет, 100 SMS, 100 дақиқа даъватҳои овозиро ба дигар шабакаҳо ва рақамҳои шаҳрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад. Гирифтани маълумот дар бораи арзиш ва таркиби бастаҳои «Суғд 150», «Хатлон 100» ва «Хатлон 150» низ ба осонӣ имконпазир аст.

Ба ҳамаи тарофаҳои дохилӣ зангҳои бемаҳдуд ба дигар муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, аз соати 00:00 то 06:59 интернети бемаҳдуд аз рӯи суръат ва трафик, инчунин IVI — онлайн-кинотеатри маъруф бо сифати HD ва “Оила ТВ” – телевизиони муосири рақамӣ бо зиёда аз 150 шабака дохил карда шудаанд.

Нуктаи муҳим: давоми 4 моҳи аввал аз лаҳзаи пайвасткунии тарофаҳо барои Суғду Хатлон 50% тахфиф амал мекунад. Танҳо баъди ба охир расидани ин муҳлат маблағ дар ҳаҷми пурра ситонида мешавад.

Маълумоти бештар – дар ҷадвал:


Тарофаҳо барои Суғду Хатлон – пешниҳодҳои муфид барои минтақаҳои нисбатан фаъоли Тоҷикистон!

Май 15, 2026 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд