«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад

Май 10, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал–озмуни ҳунармандону косибон «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор  мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивал–озмун дар асоси  «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 ба тасвиб расидааст,  гузаронида мешавад.

Мақсади баргузории фестивал–озмун ташаккули мактаби анъанавии усто-шогирд, мактабҳои суннатии авлодӣ ва оилавӣ, густариш додани омӯзиши ҳамаи касбҳои косибӣ ва ҳунармандӣ бо усули усто-шогирд, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки фестивал-озмун дар байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ду давр аз рӯйи 4 номинатсия гузаронида шуд. Даври сеюми он дар шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони ду давр дар назар дошта шудааст.

Дар даври ҷамъбастӣ ғолибон муайян гардида, бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 10, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд