«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд

Май 13, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Фестивал–озмуни ҳунармандону косибон «Беҳтарин усто ва шогирд» ҷамъбаст гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ғолибони фестивал-озмун аз рӯйи чор номинатсия муайян гардида, қадрдонӣ карда шуданд.

Дар номинатсияи «Қаннодӣ» ҷойи якум насиби усто Уроқ Зуҳуриддинов ва шогирд Маҳмудҷон Зарипов аз шаҳри Турсунзода гардид. Ҷойи дуюмро усто Абдулқосим Шарипов ва шогирд Иброҳим Шарипов аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҷойи сеюмро усто Субҳон Расулов ва шогирд Акмал Расулов аз шаҳри Конибодом соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи «Бофандагӣ ва дӯзандагӣ»–ҷойи якумро усто Шаҳноза Ахмедова ва шогирд Муҳайё Салимбоева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюмро Сурмахол Турақулова ва шогирд Умарой Абдухолиқова аз ноҳияи Данғара, ҷойи сеюмро усто Мамлакат Раҳимова ва шогирд Заррина Сайфиддинова аз шаҳри Ваҳдат ба даст оварданд.

Дар номинатсияи «Коркарди чӯб» ҷойи якум насиби усто Афзал Давлатов ва шогирд Иброҳим Саидов аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шуда, ҷойи дуюмро усто Алифҳусайн Ҳусайнов ва шогирд Шоҳҳусайн Майсайнов аз ноҳияи Ишкошим, ҷойи сеюмро усто Саидбек Машарипов ва шогирд Ҳабибулло Машарипов аз ноҳияи Ҷайҳун соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ» ҷойи якумро усто Толибҷон Ҳакимов ва шогирд Саидислом Шоев аз шаҳри Кӯлоб гирифта, ҷойи дуюм насиби усто Олуча Оқилбеков ва шогирд Некрӯз Асадбеков, ҷойи сеюмро усто Абдуғафор Ҳиматов ва шогирд Сулаймон Ҳиматов аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даст оварданд.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин усто ва шогирд» хусусияти хос дошта, дар баробари мусоидат ба рушди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ инчунин яке аз анъанаҳои беҳтарин ва қадимии миллати тоҷик- мактаби усто ва шогирдро фаъолона тарғибу ташвиқ менамояд. Ин суннати неки ниёгон имрӯз низ дорои аҳамияти бузурги тарбиявию фарҳангӣ буда, барои интиқоли донишу маҳорат, малака ва таҷрибаи нодири ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл заминаи устувор фароҳам меорад. Маҳз таввасути чунин равандҳо арзишҳои асили миллӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 шумораи расмии ҳунармандони соҳаи истеҳсолии мамлакат ба 20 ҳазору 901 нафар расид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар ин давра ба ҳисоби миёна 110 миллион сомониро ташкил дод.

Соли 2025 ва давоми се моҳи соли 2026 20 ҳазор нафар дар марказҳои омӯзишии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкасб гардиданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода баён намуд, ки «рушди ҳунарҳои мардумӣ ба болоравии даромади оилаҳо ва тақвияти иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз ҳакамон ба даври ниҳоии ин фестивал–озмун баҳо гузоштанд ва мо бо қаноатмандӣ мушоҳида намудем, ки ин анъанаи мактаби усто–шогирд бо мазмуну муҳтавои нав рушд ёфта, на танҳо таҷрибаи ҳунарӣ, балки арзишҳои ахлоқӣ, эҳсоси зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгонро ба насли ҷавон интиқол медиҳад. Ин раванд замина фароҳам меорад, то ҷавонони боистеъдод ҳамчун ворисони арзандаи фарҳанги миллӣ ба камол расанд».

Ёдовар мешавем, ки фестивал–озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 ба тасвиб расидааст, гузаронида мешавад.

Мақсади баргузории фестивал–озмун ташаккули мактаби анъанавии усто-шогирд, мактабҳои суннатии авлодӣ ва оилавӣ, густариш додани омӯзиши ҳама касбҳои косибӣ ва ҳунармандӣ бо усули усто-шогирд, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд