Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд

Май 19, 2026 09:49

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 1117 дастаи ҷомеавии саломатӣ бо иштироки зиёда аз 21 ҳазору 120 нафар ҷавонон фаъолият дошта, дар самти ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ин матлаб зимни ҳамоиши волонтёрон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Волонтёрӣ — роҳи накую хизмат ба ҷомеа» дар шаҳри Душанбе баён карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки волонтёрӣ на танҳо фаъолияти ихтиёрӣ, балки мактаби инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба ҷомеа мебошад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати тиббию санитарии шаҳрвандон саҳми арзишманд мегузоранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» зиёда аз 25 ҳазору 20 нафар волонтёрон омӯзонида шуда, ба корҳои тарғиботию маърифатӣ ҷалб гардидаанд.

Таъкид карда шуд, ки волонтёрон имрӯз дар ташаббусҳо ва чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла «Тамоку — душмани саломатӣ», «Мо- зидди нашъамандӣ» ва «Ҷавонон-ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» фаъолона иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2026 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид